ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон рӯзҳои иду истироҳат бидуни фоҷиа пушти сар нагардид.
Ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар дар ин муддат се кӯдак дар пайи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дар обҳо ғарқ шуданд, ки хурдтарини онҳо моҳи ноябр 2-сола мешуд.
Чунончӣ, нисфирӯзии 16 июн сокини 10-солаи деҳаи Худгифи ҷамоати деҳоти Иван Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд ҳангоми оббозӣ дар канали обёрии деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод ғарқ шуд.
Баъди дарёфти маълумот корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷот оғоз гардида, ҷасади писарбача пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шудааст.
Ҳодисаи дуввум низ дар ноҳияи Зафаробод дар рӯзи ид сар зада, сокини 15-солаи хоҷагии деҳқонии ба номи Фирдавсии деҳаи Обурдони ноҳияи Мастчоҳ ҳангоми оббозӣ дар канали "Тоҷикистон" ғарқ шудааст.
Наҷотдиҳандагон дар пайи ҷустуҷӯ пас аз ду соат ҷасади ӯро аз об берун ва ба пайвандонаш месупоранд.
Ҳолати сеюм бошад, дар ноҳияи Лахш ба қайд гирифта шуда, субҳи 17 июн, тахминан соати 05:00 рух додааст.
"Сокини дусолаи деҳаи Балхаки ҷамоати деҳоти Нурафшони ноҳияи Лахш ба ҷӯйборе, ки аз паси хона мегузарад, сарозер шуда, ғарқ шудааст",- афзудааст КҲФ.
Ба таъкиди ин ниҳод, сабаби аслии ба вуқӯъ омадани фоҷеаҳо оббозӣ дар ҷойҳои мамнуъ, риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ва беназоратии волидон мебошад.
Гуфтанист, ки аз аввали соли ҷорӣ то ба имрӯз дар обҳои кишвар 66 нафар ғарқ шуданд, ки 31 нафари онҳо бачаҳои то 16-сола мебошанд.
Дар робита ба ин, КҲФ аз сокинон хоҳиш мекунад, фарзандони ноболиғи худро беназорат нагузоранд.