Видои Ятимов бо "Истиқлол" ва дархосташ аз мухлисони даста дар охир

Дарвозабони тими миллии Тоҷикистон ва дастаи "Истиқлол" расман бо ин дастаи душанбегӣ видоъ карду озими тими "Ростов" дар лигаи бартари Русия шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Дарвозабон Рустам Ятимов дар маросими видоъ бо "Истиқлол" дар варзишгоҳи марказии Душанбе ба мухлисон, роҳбарият ва ҳайати даста изҳори сипос кард.
Вай қабл аз пайвастанаш ба "Ростов" аз мухлисони ҳамакнун тими собиқаш - "Истиқлол" даъват намуд, ки дар ҳар ҳолат, чӣ дар бурду чӣ дар бохт дастгири даста бошанд. Дар охир Рустам Ятимов ба мухлисон тӯбҳо туҳфа намуд.
Маблағи гузариши дарвозабони тими миллии Тоҷикистон аз "Истиқлол"-и Душанбе ба тими "Ростов" зиёда аз 250 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад
Ҳамакнун гаронтарин дарвозабони минтақаи Осиёи Миёна, ба дастаи сармураббӣ Валерий Карпин пайваст.
Рустам Ятимов расман ба Лигаи бартари Русия гузашт
Бояд қайд кард, ки Рустам Ятимов аз тобистони соли 2018 дар ҳайати "Истиқлол" ҳунарнамоӣ менамуд ва дар ин муддат бо даста қаҳрамони бисёркаратаи мамлакат, соҳиби Ҷому Суперҷоми Тоҷикистон шуд.
Ятимов беҳтарин дарвозабон ва беҳтарин футболбози Тоҷикистон дар соли 2023 мебошад.
Тибқи маълумоти портали Transfermarkt, ки футболбозони ҷаҳонро арзёбӣ мекунад, нархи Ятимови 25-сола аввали соли равон афзоиш ёфта, ба 1,2 млн евро расид.