Дар ҳукумати Толибон* чанд фисад тоҷиканд?

Пажуҳишгоҳи Ховари миёна махзани маълумот дар бораи мақомдорони ҳукумати Толибон* дар Афғонистонро таҳлил карда, мансубияти миллияшонро муайян намудаст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Беш аз 90% ё худ қариби 900 мақомдор дар ҳукумати Толибон*, ки аз амир то роҳбарони ноҳияҳоро дар бар мегирад, паштунанд.
Дар ин бора Пажуҳишгоҳи Ховари миёна дар пайи таҳлили махзани маълумот дар бораи мақомдорони ҳукумати Толибон* дар Афғонистон иттилоъ додаст, ки мансубияти миллияшонро муайян намудаст.
Дар зинаи дуюм тоҷикон қарор доранд, ки дар ҳукумати Толибон* 53 мақомдор ё худ 5,4%-анд.
Узбекҳо – 28 нафаранд бо саҳми 3,5%-ӣ ва ҳазораҳо - 6 нафар, ки ҳиссаи онҳо дар ҳукумати Толибон* ҳудуди 0,5%-ро ташкил медиҳад.
Толибон* аз амирашон хостаанд, пеши мардум барояд
Зикр шудааст, ки аз миёни теъдоди умумии мақомдорони Толибон* 65 нафарро СММ, ИМА, ИА ё Британияи Кабир таҳрим кардаанд.
Дар зимн зикр шудааст, ки пажӯҳиш комил нест, чун барои як қатор мансабдорон мансубияти этникӣ нишон дода нашудааст.
Маврид ба зикр аст, ки толибҳо ҳукумат дар Афғонистонро нимаи моҳи августи соли 2021 ғасб карда, аз ташкили аморати исломӣ хабар доданд. Эълон карданд, ки давлатро бар асоси қонунҳои шариат идора хоҳанд кард.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ ва фаъолони Афғонистон аз ҳукуматдорони толиб дар ин кишвар ташкили ҳукумати ҳамашумул ва риояи ҳуқуқҳои бунёдии инсониро талаб доранд.
*-созмон барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.