Аввалин медалҳои варзишкорони тоҷик дар бозиҳои БРИКС

Дар рӯзи аввали Бозиҳои варзишии кишварҳои БРИКС – 2024, варзишгарони тоҷик Сорбон Латифов ва Убайди Деваштич дар намуди самбо соҳиби 2 медали биринҷӣ шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Дар рӯзи аввали Бозиҳои варзишии кишварҳои БРИКС – 2024 чаҳор варзишгари тоҷик дар намуди самбо қувва озмуда, 2 нафар медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Дар ин бора Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар вазни 64 кг Сорбон Латифов ва дар вазни 79 кг Деваштич Убайдӣ соҳиби медали биринҷии ин мусобиқаи байналмилалӣ гардиданд.
Инчунин Масъуд Куканшоев ва Муҳамадисо Раҷабов дар вазнҳои 58 кг ҷойҳои 5-умро ишғол намуданд.
Лавров: БРИКС барои эҷоди як платформаи пардохтҳо бо пули миллӣ фаъолона кор мекунад
Ин ҳам дар ҳолест, ки 14 июн ду варзишгар аз Тоҷикистон — Зафар Олимшоев дар вазни 88 кг ва Абдуҷаббор Сафаров дар вазни 98 кг ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Қазони Русия бозиҳои БРИКС-2024 ҷараён дорад.
Дар ин мусобиқа ҳудуди 5 ҳазор варзишгар аз 97 кишвари ҷаҳон иштирок доранд. Тоҷикистонро дар ин озмун беш аз 100 нафар намояндагӣ мекунанд.
Онҳо дар 13 намуди варзиш, аз ҷумла самбо, шиноварӣ ва теннис мубориза мебаранд.
Бозиҳои БРИКС аз 12 то 23 июн дар 17 иншооти варзишии шаҳрҳои Қазон ва Москва идома меёбад.