Дар намоишгоҳ мошинҳои кишоварзӣ ва нақлиёти мусофирбар намоиш дода шуданд.
Меҳмонон имкон пайдо карданд, ки бо дастовардҳо инноватсионӣ дар соҳаи истихроҷи сангҳо ва коркарди об шинос шаванд.
Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Душанбе Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" баргузор гардид.
Он аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон бо мусоидати СММ ва созмонҳои байналмилалӣ ташкил шуда буд.
Дар чорабинӣ зиёда аз 2,5 ҳазор нафар намояндагони ҷомеаи ҷаҳонӣ – сарони давлатҳо, ҳукуматҳо, созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаҳои илмӣ ва шаҳрвандӣ ширкат доштанд.
Дар рафти конфронс ҳамоишҳо, фестивалҳо ва намоишгоҳҳои гуногун бо муаррифии захираҳои об ва имконоти Тоҷикистон баргузор шуданд.