ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон ният дорад ба Арабистони Саудӣ маҳсулоти кишоварзӣ содирот намояд.
Ин масъала дар мулоқоти раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири муҳити зист, об ва кишоварзии Арабистони Саудӣ Арабистони Саудӣ Абдулраҳмон Ал-Фадлӣ баррасӣ шуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, ҷонибҳо роҷеъ ба ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду кишвар мулоқоти судманд анҷом доданд.
Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба об, иқлим, муҳити зист, татбиқи барномаҳо ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои фоидаовар, аз қабили кишоварзӣ ва саноат, бахусус саноати сабуку хӯрокворӣ баррасӣ шуданд.
"Мо дар марҳалаи ҳассоси ҳалли масъалаҳои буҳрони вобаста ба об қарор дорем. Аз ин лиҳоз, мо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таваҷҷуҳи зиёдро барои ҳалли он равона намудаанд ва ин масъаларо ба сатҳи нав баровардаанд, ташаккур мегӯем", — таъкид намуд Абдурраҳмон Ал-Фазлӣ.
Вай афзуд, ки таҳти сарпарастии Валиаҳд, Муовини Раиси Шурои Вазирони Подшоҳии Арабистони Саудӣ Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд дар Арабистони Саудӣ Созмони ҷаҳонии об таъсид дода шудааст.
Дар мулоқот ҳамчунин гуфта шуд, ки ифтитоҳи хатсайрҳои мустақим миёни шаҳрҳои ду кишвар омили рушд ва таҳкими равобити дуҷониба, аз ҷумла дар заминаи гардишгарӣ ва афзоиши тиҷорат мебошад.
Ёдовар мешавем, дар шаҳри Душанбе сеюмин Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" ҷараён дорад.
Чорабинӣ дар чаҳорчӯби барномаи "Раванди оби Душанбе" то 13 июн идома хоҳад кард.