ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронӣ дар ифтитоҳи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, 2018-2028" гуфт иқтисоди ва энергетикаи "сабз" барои Тоҷикистон чӣ аҳамият дорад.
“Мо талошҳои худро барои гузаштан ба иқтисоди "сабз" дучанд карда истодаем ва захираҳои об дар расидан ба ин ҳадаф нақши калидӣ доранд. Зиёда аз 98 фоизи неруи барқи Тоҷикистон аз ҳисоби захираҳои гидроэнергетикии кишвар истеҳсол мешавад”, — гуфт ӯ.
Вай илова кард, ки Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ин нишондиҳандаро то соли 2032 ба 100% расонад.
Кишвардори Тоҷикистон қайд кард, ки тавлиди неруи барқ дар ин давом пурра аз ҳисоби захираҳои энергетикаи "сабз" ба роҳ монда мешавад.
“То соли 2037 ба "кишвари сабз" табдил додани Тоҷикистон нияти дигари мо мебошад”, - гуфт роҳбари Тоҷикистон.
Ҳамзамон вай зикр кард, ки дар ин замина, дар баробари истифодаи пурраи неруи таҷдидшаванда дар Тоҷикистон "Барномаи кабудизоркунии табиати кишвар то соли 2040” қабул карда шуд, ки тибқи он, дар ин давра бояд зиёда аз 2 млрд ниҳол шинонида шавад.