Дар навоҳии кӯҳистони Тоҷикистон кишти картошка идома дорад.
Одатан, он дар як сол як маротиба дар моҳи май ё июн шинонда мешаванд, аммо дар баъзе минтақаҳо, кор дар саҳро дар моҳи феврал оғоз меёбад - ҳама аз шароити обу ҳаво вобаста аст.
Дар соли 2023 ҳосили ин маҳсулот дар Тоҷикистон аз 1 миллион тонна гузашт.
Ҳамин тавр, аз руи маълумотҳои оморӣ ҳар сол дар ҷумҳурӣ як нафар 92 кило картошка истеъмол мекунад.
Сабзавотро дар мардум нони дуюм меноманд ва чӣ гуна онро мешинонанд, дар навори Sputnik Тоҷикистон бубинед.
Қаблан дар Тоҷикистон аз афзоиши шумор ва майдони гармхонаҳо барои парвариши сабзавот хабар дода буданд.
Дар натиҷа на танҳо содироти маҳсулоти хоҷагии қишлоқ аз ҷумҳурӣ афзуд, балки бозори дохилӣ ҳам бо ин навъи махсулот пурра гардид.
Ёдовар мешавем, ки тибқи маълумоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, дар 4 моҳи соли 2024 содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Русия 4,5 ҳазор тонна ба маблағи 8,1 миллион долларро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 79 тонна зиёд мебошад.