Лавров: БРИКС барои эҷоди як платформаи пардохтҳо бо пули миллӣ фаъолона кор мекунад

Вазири корҳои хориҷии Русия таъкид кард, ки Ғарб аз кӯшиши нигоҳ доштани бартарияти дастнорасаш дар пасманзари афзояндаи БРИКС даст намекашад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. БРИКС барои эҷоди платформаи пардохтҳо бо асъори миллӣ фаъолона кор мекунад.
Дар ин бора Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, зимни нишасти вазирони хориҷаи ин иттиҳодия изҳор дошт.
Ба гуфтаи вай, Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш аз абзорҳои иқтисодӣ, аз ҷумла фишори таҳримӣ ва шантажи молӣ ба унвони аслиҳа истифода мекунанд.
Сардори вазорат инчунин қайд кард, ки Ғарб аз кушишҳои нигоҳ доштани ҳукмронии дастнорасаш даст намекашад. Сарфи назар аз он, ки густариши БРИКС “намунаи равшани ташаккули тартиботи бисёрқутбӣ дар ҷаҳон аст”.
"Рӯйдодҳои охирини байналмилалӣ ниқобҳои онҳоеро, ки то имрӯз ба таври шифоҳӣ тақрибан ҳуқуқи истисноии муайян кардани арзишҳои ба истилоҳ умумибашариро зери ниқоби тартиботи муқарраршуда иддао мекарданд, кашиданд",- гуфт Лавров.
Айни замон ба БРИКС 10 кишвар шомиланд.
Ёдовар мешавем, ки дар моҳи августи соли 2023 шаш узви нав, аз ҷумла Аргентина барои пайвастан ба ин иттиҳодия даъват шуда буданд, аммо дар охири моҳи декабр он аз пайвастан худдорӣ кард.
Лавров аз БРИКС даъват кард, ки кор дар мубориза бо терроризмро фаъол созанд
Панҷ узви нави ин иттиҳодия - Миср, Эрон, Имороти Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ ва Эфиопия - аз 1 январи соли 2024 ба кори комил дар БРИКС шурӯъ карданд.