Палатаи болоии парлумон қонун дар бораи тарбияи кӯдакро баррасӣ мекунад

Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон таҳти раёсати Рустами Эмомалӣ дар иҷлосияи ҳаждаҳум тағйирот ба қонун дар бораи таълиму тарбияи кӯдакро баррасӣ мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Аъзои Маҷлиси миллӣ тағйирот ба қонун "Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак"-ро баррасӣ мекунанд, ки ахиран аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон қабул шуд.
Баррасии қонуни мазкур дар иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси миллӣ дар назар аст, ки рӯзи 19 июни соли равон дар Душанбе аз ҷониби раиси палатаи болоии парлумон, Рустами Эмомалӣ даъват шудааст.
Қонуне, ки аъзои Маҷлис баррасӣ мекунанд, вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саид­зода дар Маҷлиси намояндагон муаррифӣ карда буд ва вакилон онро ҷонибдорӣ намуданд.
Дар Душанбе аз муноқишаи хонандагони се мактаб ҷилавгирӣ шуд
Ин қонун, ки қаблан "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ном дошт, тағйири ном хоҳад кард.
Вазири маориф аз худи номгузорӣ намудани лоиҳаи қонун, яъне аз "фарзанд" ба "кӯдак" табдил додани мафҳумҳои асосии қонун ва хориҷ намудани калимаҳои "падару модар" бисёр муҳим дониста мешаванд, зеро мафҳуми "фарзанд" маҳдуд буда, масъулият танҳо ба падару модар тааллуқ дорад, ҳол он ки дар татбиқи қонуни зикршуда дигар шахсон низ масъул мебошанд.
Ба гуфтаи Раҳимзода, дар қонуни мазкур, бори аввал принсипҳои масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак, сиёсати давлатӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак, ҷалби аҳли ҷомеа барои таълиму тарбияи кӯдак, ҳуқуқу уҳдадориҳои муассисаи таълимӣ ва омӯзгор ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти таълиму тарбияи кӯдак пешбинӣ шуданд.