Мутахассиси хориҷӣ ё сабабҳои бохти тими Тоҷикистон – назари коршинос

Коршиноси тоҷик далели аслии бохти тими Тоҷикистон дар бозӣ бо Урдунро қабл аз ҳама тағйири мураббӣ ва ҷобаҷогузории нодурусти бозигарон арзёбӣ кард.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 июн - Sputnik. Коршиноси тоҷик далели аслии бохти тими Тоҷикистон дар бозӣ бо Урдунро қабл аз ҳама тағйири мураббӣ ва ҷобаҷогузории нодурусти бозигарон арзёбӣ кард.
Дар бозии ахири худ тими миллии футболи Тоҷикистон ба Урдун ба ҳисоби 0 бар 3 бохт ва шонси ширкат дар Ҷоми ҷаҳонии футбол – 2026 – ро аз даст дод.
Кова Тилавпур, мудири агентии “КТ”, ки бо интиқол ё трансфери футболбозон машғул аст, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ду соли сармураббигии Петр Сегрт, мутахассиси хорватӣ, як воқеиятро ошкор кард, ки ҷалби мутахассисони хориҷӣ ба мудирияти умур аҳамияти вежа дорад.
“Имрӯз дар саросари ҷаҳон дар ҳама соҳаҳо ҳузури мутахассиси хориҷӣ, ки аз мактаби пешрафтатар намояндагӣ мекунад, хеле муҳим аст. Бидуни баҳс, футболи Аврупо, ки Петр Сегрт мактаби онро гузашта буд, пешрафтатар аст ва ҳузури дусолаи ӯ дар тими милии Тоҷикистон натиҷаи худро дод”, - гуфт Кова Тилавпур.
Петр Сегрт, мутахассиси хорватӣ, ду сол, аз моҳи январи соли 2022 то феврали соли равон, сармурабии тими футболи Тоҷикистон буд ва дастоварди барҷастааш ҳам ин буд, ки тими миллии футболи Тоҷикистон бори аввал дар таърихаш ба марҳалаи якчаҳорумниҳоии Ҷоми миллатҳои Осиё – 2024 роҳ ёфт.
Ӯро Гела Шекиладзе, як мурабии гурҷӣ, иваз кард, ки то он замон дар канори Петр Сегрт ёвари мураббии тими миллии Тоҷикистон буд. То ба ҳол бо раҳбарии ӯ тими миллии футболи Тоҷикистон дар марҳалаи интихобӣ барои Ҷоми миллатҳои Осиё – 2026 бо Арабистони Саудӣ ба майдон баромада, бозиро мусовӣ анҷом дод.
Бозии дуюми тими миллии Тоҷикистон ба раҳбарии Гела Шекалидзе бо Урдун, ки бо ҳисоби 0 бар 3 анҷом ёфт, Тоҷикистонро бори дигар аз имкони ширкат дар Ҷоми ҷаҳонӣ маҳрум кард.
Шикасти Тоҷикистон дар бозии интихобии Ҷоми Ҷаҳон - 2026
Мудири агентии “КТ” мегӯяд, зоҳиран интихоби мутахассиси гурҷӣ як навъ пур кардани ҷои холишудаи сармураббӣ буд.
Вай афзуд, Шакелидзе дар бозӣ бо Урдун, бахусус, ҷобаҷогузории бозигарон, маҳз ин ки ҷавононро вориди майдон кард, аммо бозигарони ботаҷрибаро истифода набурд ва ҳам замони табдили онҳо нодуруст буд.
“Шояд дар оянда тағйире ба вуҷуд ояд, аммо вақте ҳадаф ва вазифа гузошта шавад, ки тими миллӣ ба як натиҷае беҳтар аз гузашта даст ёбад, ҳамоно ҷалби мутахассиси сатҳи байнулмилал шарти аслӣ аст”, - гуфт Тилавпур.
Бозии навбатии тими миллии Тоҷикистон рӯзи 15 июн бо Покистон дар назар аст.