ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Масъалаи бунёди мактабҳои русӣ бо чанд кишвари Осиёи Марказӣ баррасӣ мешавад, изҳор дошт раиси "Россотрудничество" Евгений Примаков ва аз Тоҷикистон ёд кард, ки панҷ мактаби русӣ дар он ҷо сохта шуд.
"Федератсияи Русия соли гузашта дар Тоҷикистон 5 мактаби азим сохт. Мактабҳои комилан боҳашамате, ки дар онҳо тибқи барномаи таълимии Русия дарс дода мешавад, парчами Русияро баланд мекунанд, суруди миллии Русияро иҷро мекунанд. Ин дуруст ва хуб аст", - гуфт Примаков.
Ӯ афзуд, дарк мекунанд, ки дар рушди зеҳнӣ, иҷтимоӣ ва дигар бахшҳои кӯдакон саҳм доранд, ки бо Русия пайванд аст.
"Ин хеле хуб ва дуруст аст, ки чунин лоиҳаҳо дар чанд кишвари дигари Осиёи Марказӣ баррасӣ мешаванд", - гуфт Примаков зимни ҳамоиш дар Анҷумани иқтисодии Санкт-Петербург.
Ба гуфтаи ӯ, чунин барнома бояд тавсеа дода шавад ва илова намуд, ки "Россотрудничество" мехоҳад, соли оянда кор дар маркази таҳсилоти иловагӣ оғоз шавад.
Примаков афзуд, дар чунин марказ барои кӯдакон дарсҳои робототехника, барномасозӣ ва тарроҳӣ ташкил хоҳад шуд. Аммо ӯ мушаххасан нагуфт, ки дар кадом кишвар ифтитоҳи чунин марказ дар назар аст.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран Русия дар Тоҷикистон 5 мактаби русӣ кушод, ки бо тамоми лавозимоти муосир муҷаҳҳаз аст.
Дар ин маросим Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ва Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба таври фосилавӣ ширкат доштанд.
Дар ҳар як мактаб 1200 нафар бачагон таҳсил мекунанд. Муаллимони рус ба онҳо тибқи барномаҳое, ки махсус барои Тоҷикистон мутобиқ шудаанд, таълим медиҳанд.