Нархи се асъори калидии хориҷӣ дар Тоҷикистон поин рафт: Сомонӣ устувор шуд

Пули миллии Тоҷикистон дар баробари се асъори калидии серистеъмол дар кишвар - рубли Русия, доллари амрикоӣ ва евро устувортар шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Нархи рубли Русия, доллари амрикоӣ ва евро дар бозори арзи Тоҷикистон майл ба поинравӣ дошта, арзиши пули миллӣ - сомонӣ боло рафтааст.
Ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, қурби ҳазор рубли русӣ дар ҷумҳурӣ ба 120,8 сомонӣ баробар шудааст, ки ин дар муқоиса бо нишондоди рӯзи қаблӣ 0,4 сомонӣ поинтар аст.
Арзиши доллар ва евро низ майл ба поинравӣ дошта, нархи пули амрикоӣ - 10,7403 сомонӣ ва асъори аврупоӣ - 11. 6726 сомонӣ шудаст.
Қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои як доллари ИМА аз 10.7403 то 10.7200 сомонӣ, евро аз 11.6726 то 11.7300 сомонӣ ва ҳазор рубли русӣ аз 120,8 то 121,5 сомониро ташкил медиҳад.
Иқтисоддон шарҳ дод, ки чаро доллар дигар 70 рубл нахоҳад буд
Рубл дар Тоҷикистон яке аз сертаваҷҷуҳтарин асъор ба шумор меравад ва қимати он ба пул дар кисаи аҳолии кишвар таъсири бевосита дорад.
Аз ҷумла садҳо ҳазор тоҷикистонӣ дар Русия кор мекунанд ва маблағро бо рубл мегиранду ба Ватан мефиристанд, аммо хонаводаҳояшон вобаста ба қурб онро бо сомонӣ мегиранд.
Дар ҳамин ҳол БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.