Барои хариди дарвозабони "Истиқлол" ду тими Русия талош доранд

Намояндаи дастаи “Истиқлол”-и Душанбе гузариши Рустам Ятимов ба Лигаи бартари Русияро шарҳ дод, гуфт, ки ду пешниҳод ҳоло вуҷуд дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Дар бораи гузариши дарвозабони тими миллии Тоҷикистон ва бошгоҳи "Истиқлол" Рустам Ятимов ба Лигаи бартари Русия ҳоло ягон чизи мушаххас нест.
Ин нуктаро Рустам Ҳакимов, директори коммуникатсия ва робита бо ВАО-и бошгоҳ ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
“Пешниҳодҳо ҳастанд, аммо тасмимҳо дар ин бора рӯзҳои наздик дақиқ мешавад”,- гуфт мавсуф.
Ӯ афзуд, ки то кунун пешниҳодҳо аз ҷониби дастаҳои “Химки” ва “Ростов”-и Русия барои хариди дарвозабон ворид шудааст.
Ин дар ҳолест, ки пойгоҳи хабарии варзишии Русия хабар дод, ки Ятимовро тими "Ростов" харидорӣ кардааст.
Манбаъ муҳлати шартномаи бозигарро 5 сол ва қимати трансфериро 230 ҳазор евро хондааст.
Ҷамъи 150 ҳазор евро ба нархи Ятимов: Гаронтарин дарвозабони минтақа чанд пул меистад?
Дар ҳамин ҳол агенти тоҷик Кова Тилавпур ба "Матч ТВ" гуфтааст, ки агар дарвозабони "Истиқлол" ва тими миллии Тоҷикистон Рустам Ятимов ба як бошгоҳи қаҳрамонии Русия гузарад, ин интиқол гаронтарин дар таърихи футболи маҳаллӣ хоҳад шуд.
"Рустам Ятимов дарвозабони аъло аст, вай кодир аст, чи дар Химки ва чи дар Ростов раками як шавад",- гуфтааст Тилавпур.
Ятимов дастпарвари футболи Нижний Новгород аст. Ӯ аз соли 2019 дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон бозӣ мекунад ва 42 бозӣ кардааст.