ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Парлумони Тоҷикистон ба фаъолияти Ассамблеяи парлумонии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ аҳамияти хоса медиҳад.
Дар ин бора дар ҷаласаи Шӯрои ПА СПАД раҳбари палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Рустами Эмомалӣ изҳор дошт.
"Мо дар татбиқи амалии барномаҳои фаъолияти Ассамблеяи порлумонии СПАД ҷиҳати наздик кардан ва ҳамоҳангсозии қонунгузории миллии кишварҳои узви ин созмон фаъолона кор карда истодаем", - зикр кард ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, дар кишвар барои такмили қонунгузории миллӣ муҳимтарин ва зарур санадҳои меъёрӣ қабул ва истифода мешавад.
Рустами Эмомалӣ ҳамчунин ҳифзи манофеи давлату шаҳрвандонро аз ҳамлаҳои тахрибкорона ва ҷиноӣ як вазифаи муҳим хонда, аз ниҳодҳои интизомии кишварҳои узви СПАД хостааст, дар ин самт корҳоро пурзӯр кунанд.
Қаблан дар Алмаато мулоқоти ғайринавбатии раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин баргузор шуд.
Зимни суҳбат вазъи кунунӣ ва дурнамои равобити дуҷонибаи Маскав ва Душанбе, инчунин самтҳои афзалиятноки муносибатҳои байнипарлумонӣ, аз ҷумла дар доираи СПАД арзёби шуданд.
Ёдовар мешавем, ки раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи парлумонии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ иштирок мекунад.
Ба рӯзномаи ҷаласа мутобиқсозии қонунгузорӣ ва дигар масъалаҳо шомиланд, таъкид кард хадамоти матбуоти раиси шаҳри Душанбе.