Қазоқистон Толибонро* аз руйхати террористон хориҷ кард: Тоқаев гуфт чаро?

Қосимҷомарт Тоқаев таъкид кард, ки яке аз вазифаҳои стратегӣ дар марҳилаи кунунӣ ҷалби фаъоли Афғонистон дар робитаҳои байниминтақавӣ мебошад.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Қазоқистон бо мақсади инкишоф додани ҳамкории иқтисодӣ бо Афғонистон "Толибон*-ро аз руйхати террористон хориҷ кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури ин кишвар гузориш медиҳад.
Қайд карда мешавад, ки ин режими идоракунӣ омили дарозмуддат аст.
Ба гуфтаи Тоқаев, яке аз вазифаҳои стратегӣ дар марҳилаи кунунӣ ҷалби фаъолонаи Афғонистон дар робитаҳои байниминтақавӣ мебошад.
Тоқаев пешниҳод кард, ки талошҳои СПАД ба самтҳои муҳимтарин ва серталабии кор барои кишварҳои узв мутамаркиз шавад ва аҳамияти мавқеи ҳамоҳангшудаи кишварҳои иттиҳодияро таъкид кард.
Коршинос дар бораи Толибон*, гуруҳҳои террористӣ ва хатарҳои ношӣ аз он гуфт
Сарвари давлат ҳамчунин ба дастгирии ташаббуси Қазоқистон дар бораи таъсиси Маркази минтақавии СММ оид ба ҳадафҳои рушди устувор барои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон дар Алмаато даъват кард.
"Таъмини амнияти шаҳрвандони кишварҳои СПАД, андешидани чораҳои амалии муассир барои мубориза бо таҳдидҳои террористӣ зарур аст", - изҳор дошт ӯ.
Ахиран, рӯзи 27 май, Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфт, ки ташаббуси эҳтимолан хориҷ кардани Толибон* аз феҳристи созмонҳои террористӣ “дарки огоҳӣ аз воқеият аст”.
*-созмон барои аъмоли террористӣ таҳти таҳримоти СММ аст