Корхонаи номдори қолинбофии Қайроққум ният дорад ҳаҷми содиротро афзоиш диҳад

Дар ин корхона беш аз 100 намуди қолин истеҳсол шуда, истеҳсоли он барои ивази воридот равона шудааст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Корхонаи қолинбофии Қайроққум ният дорад, ки ҳаҷми содироти маҳсулотро зиёд кунад.
Дар ин бора аз дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар пайи боздидаш аз ин корхона хабар дод.
Гуфта мешавад, ки "Қолинҳои Қайроққум" аллакай ба маблағи 950 ҳазор доллар маҳсулот ба хориҷ содир кардааст.
Барои ноил шудан ба ҳадаф ва афзоиши интиқоли маҳсулот ба хориҷа ширкат бо шарикони хориҷӣ ба маблағи 10 миллион доллар шартнома баст.
Ҳоло дар комбинат зиёда аз 100 хел қолинҳои ҳаҷму сифатҳои гуногун истеҳсол карда мешавад.
Содироти меваи тар аз Суғд ба Русия оғоз шуд
Фаъолияти он комилан ба истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот нигаронида шудааст.
Иқтидори истеҳсолӣ зиёда аз 2 млн метри мураббаъ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки бузургтарин корхонаи тавлиди Тоҷикистон дар Гулистон воқеъ аст.
Он дар замони шӯравӣ соли 1957 сохта шуда, моҳи марти соли 1960 аввалин қолинҳояшро истеҳсол кард.