ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон аз аввали сол то кунун 52 нафар дар обҳои кишвар ғарқ шудаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар бо изтироб гуфтааст, ки 21 нафари ҳалокшудагон кӯдакону наврасони то 17-сола мебошанд.
Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ панҷ ҳолат зиёдтар аст.
КҲФ мегӯяд, бештари ҳолатҳои фоҷиабор аз беназоратӣ рух додааст.
Ба иттилои манбаъ, охирин ҳолат марги кӯдаки 10-сола дар рӯзҳои истироҳатӣ дар ҷануби кишвар аст.
Ин ниҳод мегӯяд, ки фоҷеа деҳаи Кӯлоботи ҷамоати деҳоти Чоргули ноҳияи Ёвон дар канали байнидеҳаи маҳаллӣ рух дод.
Наҷотдиҳандагони минтақа ҳарчанд талош карданд, дар рӯзи аввал ҷасади пирсарбачаро ёфта натавонистанд, ва идомаи корҳо ба имрӯз 3 июн гузашт.
"Дар соати 10:07 ғаввосони КҲФ ҷасади писарбачаро дар 800 метр поёнтар аз ҷойи ҳодиса кашф ва берун оварданд. Ҷасад ба наздиконаш супурда шуд", - афзудааст манбаъ.
Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз падару модарон дархост кардааст, ки фарзандони худро беназорат нагузоранд, қоидаҳои рафтори бехатарро дар назди обанборҳо ва дар об қатъиян риоя кунанд.