ДУШАНБЕ, 3 июнь — Sputnik. Додситонии кулли Русия ба мақомоти салоҳиятдори Иёлоти Муттаҳида, Олмон, Фаронса ва Кипр дар робита ба ҳамлаҳои террористӣ алайҳи Федератсияи Русия, аз ҷумла таркондани хати гази “Маҷрои Шимолӣ” дархостҳои иловагӣ фиристод.
Дар ин бора намояндаи расмии хадамоти назорат Андрей Иванов хабар дод.
Ба гуфтаи вай, сарфи назар аз далелҳои мавҷуда, "мақомоти салоҳиятдори Иёлоти Муттаҳида, Кипр ва Фаронса шароити маблағгузорӣ ва кӯмакҳои дигарро" барои анҷоми ин ҳамлаҳои террористӣ таҳқиқ накардаанд ва мақомоти салоҳиятдори Олмон бошад, аз иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии худ оид ба ҳамкорӣ бо Русия худдорӣ мекунанд.
Дар баробари ин, кишварҳои номбаршуда узви Конвенсияи байналмилалии мубориза бо терроризми бомбгузорӣ ва Конвенсияи байналмилалии мубориза бо маблағгузории терроризм мебошанд, ёдовар шуд ӯ.
"Дар робита ба ин, онҳо муваззафанд, ки ҷиҳати таҳқиқи терроризм ва маблағгузории он чораҳо андешанд, инчунин дар таҳқиқи чунин амалҳои ғайриқонунӣ, аз ҷумла барои дарёфти далелҳои зарурӣ мусоидат намоянд", - афзуд Иванов.
Ба гуфтаи хадамот, дархостҳои иловагӣ таваҷҷӯҳи мақомоти салоҳиятдори ин давлатҳоро ба зарурати андешидани чораҳо ҷиҳати иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии онҳо дар самти мубориза бо фаъолияти террористӣ ва маблағгузории онҳо, ташкили тафтишоти далелҳои фаъолияти ғайриқонунӣ ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани гунаҳкорон ҷалб менамояд.
Ёдовар мешавем, ки ихроҷи газ дар хати гази “Маҷрои шимолӣ” (Nord Stream) 27 сентябри соли 2022 ошкор шудааст. Тавре ки баъдтар маълум шуд, сабабаштаркиши пурқуввати зериобӣ будааст, ки аслан қубури асосиро валангор сохт.
То кунун ҳеҷ ягон кишвари аврупоӣ, ки дар таҳқиқи ҳодисаи рухдода ширкат доранд, натавонистаанд номи муштариён ва омилони ҳамлаи террористиро ифшо кунад.
Қаблан Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, имкони даст доштани "фаъолони" украинӣ дар ҳамлаи террористӣ ба “Маҷрои шимолӣ”-ро сафсатаи пурра номид.
Вай қайд кард, ки чунин таркишро танҳо мутахассисоне, ки аз ҷониби давлат дастгирӣ мешаванд ва дорои технологияҳои муайян мебошанд, анҷом дода метавонанд.
Дар навбати худ муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев ИМА-ро баҳрабардори аслии ҳодиса номид.
Сеймур Ҳерш бори аввал маълумотро нашр кард, ки тибқи он Иёлоти Муттаҳида бо кӯмаки муттаҳидони НАТО дар қубурҳои газ диверсия анҷом додааст: тобистон, дар ҷараёни тамрини Baltops ғаввосони амрикоӣ лӯлаҳоро минагузорӣ кардаандва баъд аз 3 моҳ норвегияҳо маводи таркандаро ба кор дароварданд.