ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон қасд доранд, ки соли ҷорӣ беш аз 250 ҳазор ҷойи нави корӣ фароҳам созанд.
Ин ба хотири коҳиш додани мизони муҳоҷират ва дар кишвар фароҳам кардани шароити кору зиндагӣ ба сокинон аст, гуфтааст, Қиёмиддин Давлатзода, муовини вазири меҳнат муҳоҷират ба нашрияи “Ҷумҳурият”.
Ба иттилои манбаъ, дар кишвар шумораи аҳолии қобили меҳнат мунтазам рӯ ба афзоиш дошта, дар панҷ соли охир 8,4 дарсад зиёд гардид.
Инчунин, суръати афзоиши аҳолӣ нисбат ба суръати афзоиши қувваи корӣ 2,5 баробар зиёд мебошад. Бинобар ин, ҷиҳати қонеъ гардондани талаботи аҳолӣ ба шуғл зарур аст, ки ҳар сол дар ҷумҳурӣ зиёда аз 100 ҳазор ҷойи кори нав таъсис ёбад.
Тибқи маълумотҳои Хадамоти муҳоҷират, дар се моҳи соли равон аз ҷумҳурӣ беш аз 190 ҳазор шаҳрванди кишвар ба муҳоҷират рафтаанд, ки аз ин 180 ҳазор нафарро Русия қабул кардааст .
Гуфта мешавад, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли сипаришуда муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа 74 486 нафар ё ин ки 28% коҳиш ёфтааст.
Ба гуфтаи Иматшо Нодирзода, сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, мизони коҳиш ба ташкилу дарёфти ҷойҳои кории нав ва ташкили манобеи корӣ дар дохили кишвар рабт дорад.
Ӯ аз он гила дорад, ки тибқи таҳлилҳо аксари маврид муҳоҷирон барои беҳбуди кори худ ба Вазорат ё ниҳодҳои дахлдор муроҷиат намекунанд ва аз будани сохторҳои дахлдор ба таври бояду шояд ҳанӯз воқиф нестанд.
"Дар натиҷа, бештари нафароне, ки рӯ ба муҳоҷират меоранд, аз надоштани касб ва шуғли асосӣ ба корҳои вазнини ҷисмонӣ ё дигар фаъолияти музднок машғул мешаванд",- афзуд манбаъ.
Ба гуфтаи вай, оид ба донистани забони давлати қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷониби вазорат курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ ва кореягӣ ройгон ба роҳ монда шудааст, ки хоҳишмандони зиёде ба омӯзиш машғуланд.
Ба таъкиди Нодирзода онҳо ҳамчунин дар гузаргоҳҳо муҳоҷиринро оид ба қонунгузориҳои давлатҳои қабулкунанда, донистани забон, фарҳанг, таърих, расму ойин, шомил нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ мефаҳмонанд.