Вазирони дифои СААД хотири қаҳрамонҳои Ҷанги Бузурги Ватаниро пос доштанд - видео

Сарони вазоратҳои ҳарбӣ барои ширкат дар ҷаласаи Шӯрои вазирони дифои кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар Алмато қарор доранд
Sputnik
Ҳайати Тоҷикистонро дар ҷаласаи Шӯрои вазирони дифои кишварҳои узви СААД, вазири мудофиаи ҷумҳурӣ, Шералӣ Мирзо роҳбарӣ мекунад.
Қабл аз оғози ҳамоиш вазири дифои Тоҷикистон ҳамроҳ бо ҳамтоёнаш аз кишварҳои узви СААД дар маросими гузоштани гулчанбар ба оташи абадӣ дар боғи ба номи 28 гвардиячиёну панфиловҳо дар шаҳри Алмаато ширкат кард.
Сардорони ҳайатҳо баробари гузоштани гулчанбар хотираи қаҳрамонҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945-ро бо дақиқаи сукут пос доштанд.
СААД хатарҳо аз Аврупои Шарқиро баррасӣ кард
Дарҳол пас аз маросими ёдбуд мулоқоти сарони ҳайатҳо дар доираи маҳдуд оғоз ёфт, ки ширкаткунандагони он вазирони кишварҳои узви СААД ба истиснои Арманистон, дабири кулли созмон Имангалӣ Тасмагамбетов ва сардори Ситоди муштараки СААД Андрей Сердюков буданд.
Зимни вохӯрӣ роҳбарони бахшҳои дифоъ чолишҳо ва таҳдидҳо ба амнияти низомиро дар минтақаи масъулияти Созмон баррасӣ карданд.
Ҳамчунин дар ҳошияи ин нишаст як қатор мулоқотҳои дуҷониба миёни намояндагони бахшҳои низомии кишварҳои СААД баргузор шуд.