ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Арзиши рубли Русия дар бозори арзи Тоҷикистон баъди болоравиҳо, рӯзи дуюм аст, ки майл ба коҳиш ниҳодаст.
Ҳазор рубли Русия феълан 119,9 сомонӣ нарх дорад, ки нисбати нишондоди рӯзи қабл 0,4 сомонӣ камтар аст.
Асъори амрикоӣ ва аврупоӣ низ дар Тоҷикистон арзон шуда, феълан доллари ИМА - 10.7614 сомонӣ ва евро - 11. 6834 сомонӣ қимат дорад.
Қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои доллари ИМА аз 10.7614 то 10.7600 сомонӣ, евро аз 11.6834 то 11.6800 сомонӣ ва ҳазор рубли Русия 119,9 то 120 сомонӣ муқаррар шудаст.
Коҳиши қурби рубл дар Тоҷикистон аз ҷониби бисёре аз сокинон хуш пазируфта намешавад, чун наздиконашон дар муҳоҷират бо ин асъор музди меҳнат мегиранд
Рубл дар Тоҷикистон яке аз сертаваҷҷуҳтарин асъор ба шумор меравад ва қимати он ба пул дар кисаи аҳолии кишвар таъсири бевосита дорад.
Аз ҷумла садҳо ҳазор тоҷикистонӣ дар Русия кор мекунанд ва маблағро бо рубл мегиранду мефиристанд, аммо хонаводаҳояшон вобаста ба қурб онро бо сомонӣ мегиранд.
Дар ҳамин ҳол БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.