Чашмаи оби ширин дар Хуҷанд чӣ гуна ба сокинон ҳаловат мебахшад – видео

Ин чашма дар гӯшае аз шаҳри Хуҷанд дар ҳудуди як маҳаллаи кучаки ҷамоати Ёваи ноҳияи Б. Ғафуров воқеъ аст
Sputnik
Сокинон аз ҳар манотиқи Суғд барои бурдани об бо сатил ва зарфҳои гуногун ба ин макон меоянд. Ба хусус дар фасли баҳору тобистон таваҷҷӯҳ бештар мегардад ва навбатпоии зиёд дар назди ин чашмаи ширин мушоҳида мешавад.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон лаҳзаҳои обкашии сокинон аз ин чашмаи ширинро ба дурвини худ сабт кард.
Далерҷон Маҳмудов, яке аз сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегуяд, шаш сол мешавад, ки барои гирифтани оби ширини ин чашма меояд, ки масофаи миёни хонааш ва чашма ҳудуди 20 километр аст. Аммо дурии роҳ ба назари вай наменамояд, зеро аз оби ширини ин чашма ҳама аҳли хонаводааш ҳаловат мебаранд.
“Ҳар дафъа ба 6 - 7 бочка ҷамъ 150 -160 литр об гирифта бо мошин мебаремю Давоми 8-10 рӯз мерасад. Азбаски оби дар хонаҳо ҷоримешуда шур буда чандон маззае ҳам надорад, ҳама аҳли хонавода оби ин чашмаро таъйин мекунанд. Мо ин обро барои чойнӯшӣ истифода мекунем”, – гуфт, ӯ.
Онҳое, ки аз ин ҷо об мегиранд ба ҷузъ ширинӣ дар бораи хусусияти шифобахшии ин чашма таъкид меварзанд, ки оби он барои муътадил гардонидани системаи гурдаҳо ва кори меъда дар организм муфид будааст.
Кӯли хушкшуда дар Бӯстон барқарор шуд - видео
Сокинони кӯҳансоли Хуҷанд мегуянд, ин чашмаи софу ширин ҳанӯз дар солҳои 70 – 80 уми замони Шӯравӣ аз сӯи механизаторони рус дар ҳудуди парки тракторҳои колхози ба номи Ҷаббор Расулови ҷамоати Ёва кашф шуда буд.
Баъзеҳо ҳоло номи ин чашмаи ширинро “оби пахта тинг тинг” ҳам мегуянд бо он, ки ба ҷойи парки таракторҳо сехи пахташонакунӣ (пахта тинг – тинг) фаъол карда шудааст.
Бо дигар шудани вазъи сиёсиву иқтисодии кишвар парки тракторҳо хусусӣ шуд, колхозҳо барҳам хурданд ва ё таҷдид карда шуданд, вале ин неъмати табиат чашмаи ширин боқисту дар ҳама фасли сол фаввора мезанад ва ҳазорҳо сокинон аз оби он нӯши ҷон мекунанд.