ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Вазъ дар марзҳои ҷанубии минтақаи масъулияти СААД, равандҳо дар Афғонистон ҳамоҳангӣ ва омодагии ҷангии низомиёни Русия ва Тоҷикистон дар ин минтақаро тақозо мекунад.
Ин нуктаро вазири мудофиаи Русия, Андрей Белоусов дар мулоқот бо ҳамтои тоҷикаш, Шералӣ Мирзо баён дошт, ки дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони дифои кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар Алмато музокирот доштанд.
"Ҳоло дар сафи пеш қарор дорем, вазъ дар сарҳадҳои ҷанубии минтақаи СААД хеле вазнин боқӣ мемонад, илова бар ин, вазъият ва равандҳое, ки дар Афғонистон ҷараён доранд, шиддат мегиранд", - гуфт Белоусов.
Ӯ афзуд, ки вазъиятро зери назорат доранду тарзи вокунишро мефаҳманд, аммо бо вуҷуд таваҷҷуҳ ва ҳамоҳангии бештар дар ин бахш зарур аст.
"Ин ҳама таваҷҷӯҳи бештари моро талаб мекунад, ки ҳамоҳангӣ ва омодагии ҷангиро баланд бардорем", - гуфт вазир.
Вазири Русия зикр намуд, ки миёни мақомоти низомии ду кишвар ҳамкории мунтазами дуҷониба вуҷуд дорад ва аз пойгоҳи ҳарбии 201-ум ва маҷмааи кайҳонии "Окно"-ро зикр намуд.
Шералӣ Мирзо дар навбати худ изҳор дошт, ки Русия барои Тоҷикистон шарики боэътимоди стратегӣ буд ва боқӣ мемонад.
Вай ҳамкориҳои Маскаву Душанбе дар арсаи низомиро омили муҳими ҳифзи субот дар Осиёи Марказӣ хонду аз истиқрори пойгоҳи низомии 201-ум зикр кард, ки бузургтарин иншооти низомии Русия дар берун аз қаламрави он мебошад.