Дар Душанбе барои марзбонон садҳо манзил месозанд

Зимни боздид аз маркази таълимӣ ва сӯҳбат бо сарбозон, президент масъулинро вазифадор намудааст, ки ба сифати хӯроки сарбозон ва ғизонокии он диққат диҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 мая — Sputnik. Дар Душанбе барои афсарони қушунҳои сарҳадӣ манзил бунёд мешавад.
Санги асоси биноҳоро президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни боздидаш аз маркази таълимии “Пойтахт”-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ба муносибати 30-юмин солгарди ин таъсиси ин сохтор гузошт.
Котиботи раисҷумҳур мегӯяд, дар панҷ бинои 16-ошёна иборат аз 840 манзил бунёд хоҳад шуд.
Гуфта мешавад, ки биноҳо ҳар кадоме шакли муосир дошта, ҷавобгӯ ба талаботи замон сохта хоҳанд шуд.
"Аз рӯйи нақша, дар ин биноҳо барои зисту фароғати хизматчиёни Қӯшунҳои сарҳадӣ ва оилаҳояшон тамоми шароит фароҳам оварда мешавад",- афзудааст манбаъ.
Дар сафи пешем: Раҳмон аз сӣ соли мубориза бо терроризму маводи мухаддир гуфт
Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат масъулинро ба иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ вазифадор намуда, таъкид доштанд, ки ин биноҳо бояд ба таври замонавӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои шаҳрсозӣ сохта шаванд.
Дар маркази мазкур кишвардор ҳамзамон бинои наву замонавии 4 ошёна иборат аз ошхона ва хобгоҳи сарбозонро боз кард.
Гуфта мешавад, ки бинои навбунёд барои омода намудани мутахассисони хурди сарҳадӣ нигаронида шуда, бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Зимни боздид президент масъулинро вазифадор намудааст, ки ба сифати хӯроки сарбозон ва ғизонокии он диққати аввалиндараҷа зоҳир намоянд.