Қимати рубл дар Тоҷикистон боло рафт

Бонки миллии Тоҷикистон қимати се асъори маъмул - рубл, доллар ва евроро, ки серистеъмоланд дар бозори нақдию ғайринақдии ҷумҳурӣ эълон кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Арзиши пули Русия дар Тоҷикистон давоми рӯзҳои истироҳатӣ каме гаронтар шудааст.
Тибқи нишондоди БМТ, ҳоло дар ҷумҳурӣ 1000 рубл 120,7 сомонӣ аст.
Ин нишондиҳанда дар қиболи додаҳои охири ҳафтаи қаблӣ 0,8 сомонӣ бештар аст.
Нархи пули амрикоӣ бошад, ҳафтаро бидуни дигагунӣ оғоз кард. Ҳоло як доллари ИМА ба 10.8136 сомонӣ баробар шудаст.
Пули аврупоӣ бошад, арзонтар шуда, ба иттилои БМТ дар бозори ғайринақдӣ як евро - 11. 7230 сомонӣ муомилот мешавад. Ин нишондиҳанда ду рӯз қабл ба 11. 7392 сомонӣ баробар буд.
Иқтисоддон шарҳ дод, ки чаро доллар дигар 70 рубл нахоҳад буд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчунин нархи миёнаи харидуфурӯши пулҳои хориҷиро дар ташкилотҳои қарзии кишвар ироа намудаст.
Ба иттилои ин ниҳод, 1 доллари ИМА 10.8136 то 10.8000, 11.7271, як евро 11.7230 то 11.7600 сомонӣ ва 1000 рубли русӣ аз 120,7 то 0.121 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.