Мубориза бо киберҷинояткорӣ дар ИИАО пурзӯр мешавад

Дар ҳудуди кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё гурӯҳи кории киберамниятӣ барои ҳамоҳангсозии таъмини амнияти иттилоотӣ фаъолият дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Бонки марказии Русия дар солҳои 2024-2025 бо бонкҳои кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё машқҳои киберӣ анҷом медиҳад.
Дар ин бора дафтари матбуоти бонки танзимгар хабар дода, афзудааст, ки мубориазаи муштарак бо амалиёти ғайриқонунӣ таҳким бахшида мешавад.
"Дар ҷараёни машқҳо ҳамкории мутақобила, аз ҷумла ҳангоми муомилоти ғайриқонунии фаромарзӣ, ки бо истифода аз воситаҳои гуногуни пардохт анҷом дода мешавад, ба таври иловагӣ кор карда мешавад", - қайд кард манбаъ.
Таъкид мешавад, ки дар ИИАО гурӯҳи корӣ оид ба киберамният барои ҳамоҳангсозии фаъолиятҳо дар соҳаи амнияти иттилоотӣ кор мекунад.
ИИАО ҳамкориҳоро бо Муғулистон густариш медиҳад
Русия дар солҳои 2020-2023 ба кишвари асосии сармоягузор дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё табдил ёфта буд.
Ба иттилои Пажуҳишгоҳи тадқиқотии "Мактаби олии иқтисодӣ" ҷорӣ шудани таҳримҳо ва коҳиши имкони ҳамкорӣ бо кишварҳои нодӯст, баръакс, боиси якбора боло рафтани ҳаҷми тиҷорат ва ҳамкориҳои Русия ва шарикони он дар ИИАО гардид.
Ҳамзамон, дар кишварҳои ИДМ сатҳи рақамисозӣ боло рафта, нуфузи соҳаҳои марбут ба Технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, аз ҷумла аз ҳисоби афзоиши сатҳи пардохт дар онҳо меафзояд, таъкид мекунанд коршиносон.