Русия бо Тоҷикистон дар бораи ҳамлу нақл музокирот хоҳад кард

Музокирот марбути ташкили низоми содагардонидашудааи амалиёти гумрукӣ зимни ҳамлу нақли коло ва воситаҳои нақлиёт миёни Тоҷикистон ва Русия мебошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Ҳукумати Русия гузарондани музокироти байни хадамоти гумруки ФР ва Тоҷикистонро дар бораи ташкили долони соддакардашудаи гумрукӣ ҷонибдорӣ кард.
Қарор дар ин бора дар пойгоҳи расмии санадҳои ҳуқуқии Русия нашр шудааст, иттилоъ дод РИА "Новости".
Дар санад таъкид шудааст, ки пешниҳоди баргузории музокирот бо Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати молия дар мувофиқа бо мақомоти гумруку корҳои хориҷӣ ироа гардидаст.
Содироти меваи тар аз Суғд ба Русия оғоз шуд
"Пешниҳоди Вазорати молияи Русия, ки бо Вазорати корҳои хориҷӣ ва Хадамоти федеролии гумруки Русия мувофиқа шудааст, оид ба гуфтушунид оид ба созишномаи байни Хадамоти федералии гумрук ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шавад", - омадааст дар санад.
Музокирот марбути ташкили низоми содагардонидашудааи амалиёти гумрукӣ зимни ҳамлу нақли коло ва воситаҳои нақлиёт миёни Тоҷикистон ва Русия мебошад, омадааст дар матлаб.
Маврид ба зикр аст, ки Русия калонтарин шарики тиҷории Тоҷикистон мебошад. Соле гардиши коло миёни Русия ва Тоҷикистон афзуда, аз 1,7 млрд доллар бештар шуд.
Қаблан намояндагии тиҷоратии Русия дар Душанбе гуфта буд, ки ФР аз Тоҷикистон маҳсулоти ғизоӣ ва ашёи хоми кишоварзӣ, маҳсулоти кимиёвӣ, пахтаву нахи онро харидорӣ мекунад. Русия ба Тоҷикистон асосан маҳсулоти нафтӣ, ғизо, чӯбу тахта ва ғайра содир мекунад.