Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Аз истифодаи об то пешгирии муноқишаҳо: Мулоқоти раисони Исфараву Бодканд дар марз

Ҷонибҳо истифодаи об дар наҳрҳои байнимарзӣ, истифодаи чарогоҳҳо, риояи санадҳои ҳуқуқӣ ва пешгирӣ аз рухдоди муноқишаҳоро баррасӣ кардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 май – Sputnik. Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ва раиси ноҳияи Бодканд Учқунбек Ҷоробоев, дар марз вохурӣ анҷом доданд.
Зимни баргузории мулоқоти раисони наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон, намояндагони сохторҳои қудратӣ, сардорони идораҳои хоҷагии об ва роҳбарони дахлдори Исфара ва Бодканд ҳузур доштаанд, иттилоъ доданд аз ҳукумати Исфара ба Sputnik Тоҷикистон.
Вохӯрӣ дар гузаргоҳи наздимарзии “Гулистон”-и Исфара, ҳаммарз бо гузаргоҳи сарҳадии “Қизилбел”- и ноҳияи Бодканд доир шуд, гуфт котиби матбуотии ҳукумати шаҳри Исфара Зубайдулло Шомадов.
“Ҷонибҳо масъалаҳои марзӣ аз ҷумла, истифодаи об дар наҳрҳои байнимарзӣ, истифода чарогоҳҳо, риояи санадҳои ҳуқуқӣ ва пешгирӣ аз рухдоди муноқишаҳоро мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор доданд” - афзуд ӯ.
Мулоқоти раисони наздимарзӣ дар фазои сулҳу дӯстии байниҳамдигарӣ доир шуда дар кори он намояндагони сохторҳои қудратӣ, сардорони идораҳои хоҷагии об ва роҳбарони дахлдори ҳарду ноҳия ҳузур доштанд.
Маврид ба зикр аст, ки рӯзҳои 19 - 25 майи соли ҷорӣ ҷаласаи дуҷониба гурӯҳҳои кории топографии Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба густариши муайянсозии хати сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар қитъаҳои боқимонда табодули назар кардаанд.
Санаи музокироти ҳайати баландпояи Маскаву Душанбе маълум шуд
Қарор аст, ҷаласаи навбатии кори комиссияи байнидавлатӣ дар қаламрави Тоҷикистон баргузор шуда, дар кори он муайянсозии минтақаҳои боқимонда сарҳад идома хоҳад кард.
Қаблан вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки давоми соли ҷорӣ зиёда аз 197 километр ҳудудҳои мушкил тасвиб шуда, 10% боқӣ мондааст, ки ин аз 97 то 103 километри хати сарҳадро ташкил медиҳад.
Ба ин тартиб пурра муайянкуни хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад. Дар маҷмӯъ, хатти сарҳади ду кишвар тақрибан 987 километрро ташкил медиҳад.