Видеои фестивали ретро-мошинҳо дар Хуҷанд

Баргузории намоишгоҳи байнулмилалии “авто ретро” дар Хуҷанд маълум намуд, ки сокинон ба худравҳои сохти шӯравӣ таваҷҷӯҳи хос доранд
Sputnik
Автомоделҳои гуногуни сохти шӯравӣ аз ҷумла “Победа” “Газ 24”, “Газ 06” ва “Москвич”- ҳоеро, ки аз кишварҳои Осиёи Миёна дар намоишгоҳи Хуҷанд оварда шуданд, таваҷҷӯҳи садҳо тамошобинро ба худ ҷалб намуданд.
Маълум гардид, ки чунин модел автомобилҳо ҳамоно аз маҳбубияте бархӯрдоранд.

Абдулаҳай Ашрапов, сокини шаҳри Хуҷанд ва яке аз иштирокдорони намоишномаи “авто ретро” мегӯяд, 20 сол аст, ки “Волга газ -21” меронад. Ӯ ин мошинро беҳтар аз худравҳои ҳозира медонад.
“Фарзандонам бароям мошинҳои нав Opel, Mercedes, Kia гирифтанд, ҳамаашонро рондам, вале бароям “Газ -21” писандтар аст. Соли 2003 “Волгаро” гирифтам, ҳар сол аз муоинаи техникӣ мегузаронам ва бароям хизмат мекунад” – афзуд, мусоҳиби Sputnik Тоҷикистон.
Ҳамасола дар кишварҳои Осиёи Миёна воридоти моделҳои гуногуни худравҳо афзоиш меёбад, вале бо ин вуҷуд автомобилҳои сохти шӯравӣ маҳбубияти худро гум накардаанд.
Корвони мошинҳои таърихдор дар Маскав - гузориши аксӣ
Маълум мешавад, ки ҳамоно сокинон чунин мошинҳоро хуб нигоҳубин карда, дар кору бори худ ба таври фаровон истифода мебаранд.