Ҳазорҳо нафар дар Табрез барои гусели раисҷумҳур, Иброҳим Раисӣ ва ҳамроҳонаш, ки дар садамаи чархбол 19 май ба ҳалокат расида буданд, ҷамъ омаданд.
Интизор меравад, ки маросими ҷаноза дар Теҳрон баргузор шавад ва намози ҷанозаро худи роҳбари аъзами Эрон Оятуллоҳ Хоманаӣ бихонад.
Дар Эрон мотами миллии 5-рӯза эълон гардида, баъди баргузории маросими видоъ дар назар аст, ки 23 май Раисиро дар зодгоҳаш дар шаҳри Машҳад ба хок супоранд.
Раисҷумҳури Эрон, Иброҳим Раисӣ 19 май ҳамроҳ бо як гуруҳ мақомдорони баландпоя бар асари суқути чархбол дар минтақаи кӯҳӣ музофоти Озарбойҷони шарқӣ ҷон додааст.
Ба ҷуз аз раҳбари Эрону халабонҳо дар чархбол ҳамчунин Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён - вазири хориҷаи Эрон, Малик Раҳматӣ - ҳокими Озарбойҷони Шарқӣ ва Муҳаммад Алӣ Ҳошим - имоми вилояти Табрез қарор доштаанд.
Роҳбарияту мардуми Тоҷикистон ба раёсату халқи Эрон изҳори ҳамдардӣ карда, дар шабакаҳои радио ва телевизиони давлатӣ давоми ду рӯз нашри барномаҳои тафреҳӣ мутваққиф шудаст.