ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин, ба мардуму роҳбарияти Эрон дар робита ба марги раисҷумҳур Иброҳим Раисӣ, паёми таслият фиристод.
Ба иттилои Кремл, паёми ҳамдардӣ унвонии раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманаӣ ирсол шудааст.
"Лутфан, таслияти амиқи моро дар робита ба фоҷеаи азими омада ба сари мардуми Ҷумҳурии Исломии Эрон - суқути чархболе, ки ҷони раисиҷумҳур Иброҳим Раисӣ ва ҳамчунин як зумра ходимони барҷастаи кишвари шуморо рабуд, қабул кунед", - омадааст дар паём.
Путин таъкид кард, ки хотираи неки раҳбари Эронро то абад ҳифз хоҳад кард. Вай зикр намуд, ки борҳо бо Раисӣ вохӯрдааст.
Раҳбари Русия ба хонавода ва наздикони раисиҷумҳури марҳум ва ҳамаи кушташудагон ҳамдардии худро расонд.
"Ба тамоми мардуми Эрон дар баробари чунин талафоти сангин ва ҷуброннашаванда сабр орзумандам. Раисӣ як сиёсатмадори барҷастае буд, ки тамоми умри худро ба хидмат ба Ватан бахшидааст", - гуфт путин.
Президент инчунин қайд кард, ки Раисӣ дар рушди муносибатҳои неки ҳамсоягӣ байни кишварҳо саҳми бебаҳои шахсӣ гузоштааст. Путин даргузашти раисиҷумҳури Эрон Раисиро фоҷеаи бузург барои мардуми Эрон хонд.