ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Мӯҳлати ваколатҳои президентии Владимир Зеленский рӯзи 20 май ба поён расид ва аз ҳамин рӯз ӯ аз мақоми президенти қонунии Украина маҳрум шуд.
Интихоботи раёсатҷумҳурии Украина бояд 31 марти соли 2024 ва маросими савгандёдкунии раиси ҷумҳури тозаинтихоб дар моҳи май баргузор мешуд.
Аммо интихобот бо баҳонаи вазъияти ҳарбӣ ва сафарбаркунии умумӣ лағв карда шуд.
Зеленский изҳор дошт, ки барои интихобот ҳоло "вақти мувофиқ нест" ва таъкид кард, ки ин масъала бояд мутаваққиф карда шавад.
Ба гуфтаи котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков, Кремл вазъро дар робита ба поёни мӯҳлати раёсати Зеленский дар моҳи май таҳлил хоҳад кард, то мавқеъашро эълон кунад.
Ахиран рӯзномаи амрикоии The Washington Post навишт, ки Владимир Зеленский метавонад пас аз ба итмом расидани мӯҳлати ваколаташ ба поймол кардани демократия дар Украина муттаҳам шавад.
Худи президенти Русия, Владимир Путин гуфт, ба саволи қонунӣ будани раёсати Владимир Зеленский пас аз 20 май бояд низоми сиёсӣ ва ҳуқуқии Украина, аз ҷумла Додгоҳи конститутсионӣ посух диҳад.
Барои Русия масъалаи қонунӣ будани Зеленский муҳим аст, ҳуҷҷатҳои тақдирсоз бояд бо мақомоти қонунӣ имзо карда шаванд, таъкид кард ӯ.