ДУШАНБЕ, 18 мая — Sputnik. Дар утоқи кории Шӯрои ҷамъиятии назди сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи қабули шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қаламрави ин кишвар кору фаъолият менамоянд аз ҷониби ҳуқуқшиноси Шӯрои ҷамъиятӣ баргузор гардид.
Ба иттилои Шӯрои ҷамъиятӣ дар ин рӯз шаҳрвандоне, ки вобаста ба боздошти ғайриқонунӣ, риоя нашудани ҳуқуқу манфиатҳои онҳо аз ҷониби кормандони мақомоти марбутаи Русия, қарорҳои беасоси судҳо ва дигар масъалаҳои марбута дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ муроҷиат намуданд.
Қайд карда шудааст, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон тавсия ва машваратҳои ҳуқуқӣ дода шуда, масъалаҳои марбутаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои баррасии минбаъда аз ҷониби ҳуқуқшиносони Шӯрои ҷамъиятӣ қабул карда шуданд.
Зикр гардидааст, ки дар давоми ҳафтаи равон ба ҳуқуқшиносони Шӯрои ҷамъиятӣ зиёда аз 1200 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ вобаста ба гирифтани тавсия ва машваратҳои ҳуқуқӣ муроҷиат намуданд.
Шӯрои ҷамъиятӣ ёдрас шудааст, ки ҳар рӯзи шанбе аз ҷониби ҳуқуқшиносони Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи қабули шаҳрвандони Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, ҳуқуқшиносон ба шаҳрвандон тавсия ва машваратҳои ҳуқуқӣ медиҳанд.
Қайд карда шудааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қаламрави Русия ҳастанд, метавонанд вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқии худ ба Шӯрои ҷамъиятӣ, воқеъ дар бинои нави сафорати Тоҷикистон дар Русия, муроҷиат намуданд.