Санҷиши дониши муҳоҷирон дар РУДН чӣ гуна мегузарад? - видео

Раёсати Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия таъкид кард, ки санҷиши забондонии муҳоҷирон зери назари дурбинҳо сурат гирифта, 80%-ашон бо муваффақият онро месупоранд
Sputnik
Аз оғози май дар Русия қоидаҳои супоридани имтиҳони ҳатмии забони русӣ, барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд дар ин кишвар ба таври қонунӣ кор кунанд, тағйир ёфт.
Созмонҳои тиҷоратӣ наметавонанд имтиҳонгузаронии муҳоҷиронро анҷом диҳанд, танҳо 13 донишгоҳ дар 10 минтақаи кишвар ин ҳуқуқро доранд. Имтиҳонро дар маркази муҳоҷирати Сахарово низ супурдан мумкин аст.
Яке аз муассисаҳои таълимие, ки ҳаққи қабули имтиҳонотро дорад, Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия - РУДН мебошад.
Дар бахши муҳоҷирати Русия ислоҳот гузаронда мешавад
Проректори Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия, Михаил Катсарский гуфт, шумори муроҷиаткунандаҳо барои супоридани имтиҳонҳо ба маротиб зиёд шудааст. Ҳамарӯза ба ҳисоби миёна ҳудуди 50 нафар муроҷиат мекунанд, ки 90%-ашон барои гирифтани патент санҷишро месупоранд.
Вай тавзеҳ дод, ки санҷиш маҷмӯӣ буда, саволҳо забони русӣ, таърих ва қонунгузории Русияро фаро мегиранд.
Вай таъкид намуд, ки тамоми раванди санҷишҳо зери назорати дурбонҳо аз чанд зовия амалӣ мешавад, то раванд мунсифона бошад.