Баррасии бунёди нерӯгоҳи хурди ҳастаӣ ва маркази тиббии ядроӣ дар Тоҷикистон

Ноиби вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон аз тарҳҳое гуфт, ки татбиқашон бо корхонаи русиягии "Росатом" дар ҳоли баррасӣ қарор дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон бо ширкати "Росатом" дар мавриди бунёди нерӯгоҳи хурди ҳастаӣ гуфтушунид доранд.
Ин нуктаро муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Азиз Назар дар доираи муколамаи саноатии "Русия - Тоҷикистон" баён дошт.
Таъсиси маркази тибби ҳастаӣ, бартарафсозии хатари партовгоҳҳои ҳастаӣ ва бунёди парки технологӣ аз тарҳҳои дигаре арзёбӣ шуданд, ки миёни мақомоти Тоҷикистону Русия дар ҳоли баррасиянд.
Путин: Русия ва Чин кор сари ИИАО ва "Як камарбанд - як роҳ"-ро идома медиҳанд
Муколамаи саноатии "Русия - Тоҷикистон" дар ҳошияи Форуми байналмилалии иқтисодии "Русия - ҷаҳони ислом: KazanForum" дар маркази Тотористон баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш баробари мақомдорони баландпояи ду кишвар ҳамчунин намояндагони бахши хусусӣ иштирок дошта, дар мавриди таҳкими ҳамкориҳо изҳори назар карданд.
Азиз Назар зикр намуд, ки гардиши коло миёни ду кишвар тамоюли зиёдшавӣ дошта, соли гузашта беш аз 1,7 млрд долларро ташкил дод. Вай афзуд, ки барои соҳибкорону сармоягузорони русиягӣ шароит фароҳам буда, ҷониби Душанбе омода барои таҳкими ҳамкориҳо шароити мусоид фароҳам орад.
Форуми байналмилалии иқтисодии "Русия - ҷаҳони ислом: KazanForum" дар Тоҷикистон идома дорад.
Созмондиҳандагон онро платформаи асосии ҳамкории иқтисодии Русия ва кишварҳои ҷаҳони ислом медонанд, ки намояндагони зиёда аз 80 кишвар дар он иштирок доранд.