Рубл дар Тоҷикистон андаке боло рафт

Ду асъори хориҷӣ дар бозори арзи Тоҷикистон мавқеяшро беҳтар намудаанд. Танҳо доллар рӯ ба поинравӣ ниҳодааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон эълон кард, ки нархи ду асъори калидии хориҷӣ дар бозори нақду ғайринақдии ҷумҳурӣ нисбат ба сомонӣ андаке боло рафт.
Ба иттилои ин ниҳод феълан ҳазор рубли Русия бо нархи 119 сомонӣ муомилот мешавад. Дар ҳоле, ки як рӯз қабл нархи он 118,5 сомонио ташкил дода буд.
Зимнан, қурби доллар дар бозори арзи кишвар баръакс поин рафта ба 10.8987 сомонӣ расидааст.
Евро дар баробари рубл мавқеяшро беҳтар намуда, ҳоло 11.7553 сомонӣ нарх дорад.

Рубл дар Тоҷикистон яке аз сертаваҷҷуҳтарин асъор ба шумор меравад ва қимати он ба пул дар кисаи аҳолии кишвар таъсири бевосита дорад.
Таърихи Тоҷикистон дар пули 3 сомонӣ
Аз ҷумла садҳо ҳазор тоҷикистонӣ дар Русия кор мекунанд ва муздашонро бо рубл мегиранду мефиристанд, аммо хонаводаҳояшон вобаста ба қурб онро бо сомонӣ мегиранд.
Дар ҳамин ҳол БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.