ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Шарикии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Русия алтернативае барои таъмини суботу амният дар минтақа надорад.
Дар ин бора муовини сардори Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия Михаил Галузин дар ифтитоҳи Конфронси IV дар Осиёи Марказӣ дар Клуби мубоҳисавии байналмилалии "Валдай" изҳор дошт.
Гуфта мешавад, ки Русия ва кишварҳои минтақа ба далели як қатор омилҳо, аз ҷумла наздикии ҷуғрофӣ иттифоқчиёни табиӣ ва шариканд.
"Чолишҳои умумии беруна, як таҳдиди умумии беруна, мутаассифона, ки мо якҷоя бо онҳо мубориза мебарем ва ин хатари террористӣ, аз ҷумла аз қаламрави Афғонистонро дар бар мегирад", - тавзеҳ дод ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, ҳузури пойгоҳҳои низомии Русия дар Тоҷикистону Қирғизистон, ҳамкориҳои наздики низомиву техникӣ, ҳамкории мутақобила дар ҳифзи марзҳои давлатӣ, фаъолияти муштараки сохторҳои қудратӣ ва хадамоти махсус дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои созмонёфта Русияро “қариб ба ягона шарики таъмини суботу амният дар минтақа табдил додааст".
Қаблан дар конфронси IV Осиёи Марказӣ дар Клуби мубоҳисавии байналмилалии "Валдай" муовини сардори Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия Михаил Галузин низ сиёсати муҳоҷирати Русияро шарҳ дода буд.
Ҳамин тариқ, дипломат таваҷҷуҳи худро ба он ҷалб кард, ки Федератсияи Русия бо шарикони кишварҳои Осиёи Марказӣ кор мекунад, то ба соҳаи муҳоҷират барои ворид шудани идеологияи террористӣ рахнаҳо надошта бошад.
Вай ҳамчунин таъкид кард, ки Русия пойбанди он аст, ки терроризм ва ифротгароӣ на дин ва на миллат дорад.
Ба гуфтаи ин дипломат, ҳамасола пули муҳоҷирони корӣ ба миллионҳо хонавода дар Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон даромад медиҳад.
Ба гуфтаи ин дипломат, ҳамасола пули муҳоҷирони корӣ ба миллионҳо хонавода дар Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон даромад медиҳад.