ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Баъд аз зуҳри 11 май дар шаҳри Турсунзода бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2024 баргузор мешавад, иттилоъ додааст Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар Суперҷоми Тоҷикистон-2024 қаҳрамони Тоҷикистон "Истиқлол"-и Душанбе ва барандаи медали нуқраи мавсими гузаштаи лигаи олӣ "Равшан"-и Кӯлоб бо ҳам врақобат хоҳанд кард.
Ҳамчунин ба иттилои манбаъ ин бозиро довари ФИФА Насрулло Кабиров аз Норак доварӣ мекунад.
Ёварони ӯ Акмал Бӯриев (Турсунзода) ва Хусрави Сиддиқзод (Душанбе) хоҳанд буд. Вазифаи довари эҳтиётиро Рустам Нурматов аз Душанбе иҷро мекунад. Гулмуроди Саъдулло (Душанбе) дар VAR кор карда, Хуршед Дадобоев (Хуҷанд) ёвари VAR хоҳад буд.
Ҳамчунин Абдураҳим Бобоев (Турсунзода) кори ҳайати доваронро назорат намуда, Субҳон Хоҷамов (Душанбе) комиссари бозӣ таъйин гардид.
Қобили зикр аст, ки бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2024 миёни дастаҳои "Истиқлол" ва "Равшан" дар варзишгоҳи "ТАЛКО Арена"-и шаҳри Турсунзода баргузор мешавад.