Раҳмон: мардуми Тоҷикистон ҳамлаи террористӣ ба Крокус Сити Холлро маҳкум карданд

Раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни музокирот бо раҳбари Русия қайд кард, ки ҳамлаи террористӣ ба Крокус Сити Холл ба обрӯи миллат таъсири ҷиддӣ расонидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Мардуми Тоҷикистон ҳамлаи террористӣ ба Крокус Сити Холлро, ки рӯзи 22 март дар вилояти Маскав рух дод, маҳкум карданд.
Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни музокирот бо Владимир Путин, президенти Русия дар Кремл изҳор дошт.
Мулоқот пас аз режаи низомӣ бахшида ба 79-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Майдони Сурх баргузор шуд.
Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки ҳамлаи террористӣ ба Крокус Сити Холл, ки дар содир кардани он зодагони Тоҷикистон гумонбар мешаванд, ба обрӯи миллат таъсири манфии ҷиддӣ расонидааст.
"Терроризм миллату мазҳаб надорад, ватан надорад, мо бояд бо он мубориза барем Мо худамон инро аз сар гузаронидаем ва то ҳол зиёда аз 30 сол аст, ки мубориза мебарем. Мо медонем, ки ифротгароӣ чист”, - гуфт президенти Тоҷикистон.
Раҳбари Тоҷикистон ба он ишора кард, ки маҳз душманон мехоҳанд миёни ду кишвар низоъ андозанд, аммо Русия барои Тоҷикистон шарики стратегӣ аст.
Путин: Русия шарики асосии иқтисодии Тоҷикистон аст
"Русия бузургтарин пойгоҳи низомии берун аз кишвар дорад, мо мавқеъи худро тағир надодаем ва тағир доданӣ нестем", - таъкид кард Раҳмон.
Ёдовар мешавем, ки раисиҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 3 май зимни як сӯҳбати телефонӣ Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистонро, барои ширкат дар таҷлили ҷашни 79-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба Маскав даъват кард.

Ҳамлаи террористӣ дар"Крокус Сити Холл"

Рӯзи 22 март дар толори консертии "Крокус Сити Холл" воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ рух дод, ки садҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузошт.
Муттаҳамон дар содир кардани ин ҷиноят 23 март дар вилояти Брянск боздошт шуданд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд. Мақомот мегӯянд, муттаҳамон дар мошин сӯи марз бо Украина ҳаракат доштанд.
Додгоҳи Басмании Маскав онҳоро то 22 май ба ҳабс фиристод. Чаҳор нафар гуноҳашонро иқрор карданд. Дар маҷмуъ 12 нафар ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд, ки 11 нафарашон шаҳрванди Тоҷикистону як нафар шаҳрванди Қирғизистон мебошанд.