ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Дар як қатор навоҳии вилоятҳои Тоҷикистон ҳавои номусоид идома хоҳад кард.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо такя ба ҳавошиносони кишвар хабар медиҳад, ки рӯзҳои 10-12 май дар шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва дар ноҳияҳои тобеи марказ ва ғарби ВМКБ боришоти шадид, раъду барқ, жола, барф дар назар аст.
Рӯзҳои 10-12 май инчунин дар дарёҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷануб) ва дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор – Варзоб ва Лучоб ҷорӣ мешаванд, болоравии сатҳи об дар назар аст.
Дар аксари манотиқи ҷумҳурӣ раъду барқ, жола ва дар ноҳияҳои водию доманакӯҳҳо то 8-10 дараҷа паст шудани ҳарорати рӯзона пешбинӣ шудааст.
9 майи соли 2024 бар асари вазиши бодҳои шадид дар як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон тӯфони чангу ғубор пешгӯӣ мешавад.
Дар робита ба ин, КҲФ аз аҳолӣ дархост мекунад, ки то ҳадди имкон дар ин рӯзҳо аз сафар ба ағбаҳо ва роҳҳои кӯҳӣ, сайру гашт дар кӯҳистон, ҷамъоварии занбурўғ, гиёҳҳои шифобахш, ҳезум худдорӣ намоянд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки бар асари омадани сел дар Тоҷикистон се нафар ҷон бохтанд.
Боришоти шадиде, ки дар ҷумҳурӣ ба амал омад, боиси обхезӣ ва фаромадани лойобаҳо гардид, ки ба замину зироати аҳолӣ зарар ворид намуд.
Офатҳои табиӣ қариб тамоми навоҳии мамлакатро фаро гирифта, боиси хисороти калон ва талафоти инсонҳо шуд.