ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон эълон кард, ки нархи се асъори калидии хориҷӣ дар бозори нақду ғайринақдии ҷумҳурӣ нисбат ба сомонӣ арзон шудаанд.
Аз ҷумла пули русӣ, ки тайи чанд рӯзи ахир майли гаронӣ дошт, каме поин рафта нисарзон шуда, феълан 1000 рубл бо нархи 119,8 сомонӣ муомилот мешавад. Рӯзе қабл ин нишондод 119,9 сомониро ташкил дода буд.
Манбаъ қурби доллари ИМА-ро - 10.9121 сомонӣ ва евроро - 11.7512 сомонӣ муқаррар кардааст, ки ҳардуяшон ҳам дар қиёс бо нишондоди рӯзи қабл арзонтар шудаанд.
Ҳамчунин қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар ташкилотҳои қарзии кишвар барои доллари ИМА аз 10.9121 то 10.9200 сомонӣ, евро аз 11.7512 то 11.8400 сомонӣ ва ҳазор рубли Русия аз 119,8 то 0.120,5 сомонӣ шудаст.
Рубл дар Тоҷикистон яке аз сертаваҷҷуҳтарин асъор ба шумор меравад ва қимати он ба пул дар кисаи аҳолии кишвар таъсири бевосита дорад.
Аз ҷумла садҳо ҳазор тоҷикистонӣ дар Русия кор мекунанд ва муздашонро бо рубл мегиранду мефиристанд, аммо хонаводаҳояшон вобаста ба қурб онро бо сомонӣ мегиранд.
Дар ҳамин ҳол БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.