ДУШАНБЕ, 7 май – Sputnik. Занони иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки феълан дар қайди ҳаётанд, дар арафаи 79-умин солгарди Ғалаба аз кумаку дастгириҳо бенасиб намонданд.
Алҳол дар шаҳру навоҳии Суғд 19 нафар занҳое ба сар мебаранд, ки замоне бо шавҳарони худ иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ хуррамона зиндагӣ кардаанд, изҳор дошт муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнат дар вилояти Суғд, Шавкат Алиев.
Шавҳарони ин шумор занҳо баъди бозгашт ба Ватан аз ҷабҳаҳо бо амри тақдир фавтидаанд.
"Ин барои аввалин бор аст, ки чунин теъдод занон мавриди таваҷҷӯҳ ва ёрӣ қарор мегиранд” – қайд кард муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнат.
Дар расми тақдими маводи ғизоӣ консули генералии Русия дар шаҳри Хуҷанд Сергей Ланкин шахсан ширкат кардааст.
Бино ба иттилои Алиев, алҳол дар шаҳру навоҳии Суғд 6 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва 66 нафар собиқадорони солҳои ҷанг ба сар мебаранд.
Маврид ба зикр аст, ки занҳои тоҷик дар солҳои ҷанги 1941 – 1945 барои таъмини сарбозону афсарон дар колхозу совхозҳо ба меҳнат сафарбар шуда, барои таъмин бо маводи озуқаворӣ саҳми шоён гузоштаанд.