Раҳмон ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ чанд сомонӣ ҷудо кард?

Ҳаҷми кумакпулие, ки соли равон раисҷумҳури Тоҷикистон ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷудо кардааст, беш аз 2 баробар бештар дар қиёс бо соли пешист
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Барои ҳар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар арафаи 79-умин солгарди Ғалаба 40 ҳазор сомонӣ тақдим мешавад.
Ин кумакпулӣ аз номи раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон тақдим мегардад, хабар доданд аз Шӯрои собиқадорони кишвар ба Sputnik Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, роҳбарони мақомоти маҳалли Душанбе ва шаҳру вилоятҳо кумакпулии алоҳидаро таъйин мекунанд. Дар пойтахт аз номи шаҳрдор ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ 10 ҳазор сомонӣ дода мешавад.
Тақдими кумакпулӣ ва аёдати собиқадорон дар арафаи солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳукми анъана даромадааст.
Ба муносибати Рӯзи Ғалаба дар Душанбе гирдиҳамоии ёдбуд доир шуд
Ба ҳолати аввали май дар Тоҷикистон 24 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945 дар қайди ҳаётанд. Тоҷикистон тайи як соли охир боз 13 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватаниро аз даст дода, феълан дар бархе манотиқ, аз ҷумла ВМКБ ягон куҳансарбоз нест.
"Айни ҳол дар вилояти Хатлон - 10 куҳансарбоз, дар Суғд - 6, дар Душанбе - 3 дар шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 5 куҳансарбоз иқомат доранд", - иттилоъ доданд аз Шӯрои собиқадорони ҶБВ.
Дар ҳамин давраи соли гузашта дар Тоҷикистон 37 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қайди ҳаёт буданд.