ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Рӯзи охири мусобиқаи байналмилалӣ Dushanbe Grand Slam-2024 дар риштаи ҷудо барои намояндагони Тоҷикистон се медал овард. Дар умум тайи се рӯз ҷудокорони тоҷик 7 нишон ба даст оварданд.
Дар рӯзи охир Темур Раҳимов дар вазни +100 кг медали нуқра, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода дар вазни то 90 кило ва Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кило медали биринҷии мусобиқаро гирифтанд.
Ҳарифи Раҳимов дар финал Теддии 35-сола, қаҳрамони секаратаи олимпӣ (Лондон-2012, Рио-2016, Токио-2020), қаҳрамони 12-каратаи ҷаҳон, қаҳрамони 5-каратаи Аврупо ва қаҳрамони бисёркаратаи Фаронса буд.
Бо вуҷуди талошҳо, Раҳимов натавонист паҳлавони номии ҷаҳониро шикаст диҳад.
Маврид ба зикр аст, ки дар рӯзи дуюми мусобиқа Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни -73 кг медали нуқра ба даст оварда буд.
Ягона медали тилои мусобиқа дар рӯзи аввал ба даст оварда шуд. Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар вазни -60 кг медали тилло, Обид Ҷебов дар вазни -66 кг медали нуқра ва Муллораҷаб Халифаев дар вазни -66 кг медали биринҷӣ гирифта буданд.
Ғолибон дар баробари холҳои олимпӣ инчунин 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони медали биринҷӣ бо 1500 евро қадрдонӣ мешаванд.