Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Нерӯҳои Русия Очереткиноро озод карданд

Гуруҳи низомии "Марказ"-и қувваҳои мусаллаҳи Русия минтақаи Очеретиноро дар Донетск комилан озод карда, ҳашт ҳуҷуми ҷавобии артиши Украинаро пас гардондаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Нерӯҳои Украина то 380 нафар, 7 адад техника, аз ҷумла як танки Abrams-ро талаф додааст.
Воҳидҳои гуруҳи "Марказ" дар натичаи амалиёт минтақаи Очеретинои Ҷумҳурии Халкии Донетскро комилан озод карда, вазъияти тактикиро бехтар намудаанд, иттилоъ дод Вазорати мудофиаи Русия.
Инчунин зикр шудаст, ки нерӯҳои Русия дар минтақаҳои аҳолинишини Архангелск ва Новгородскии Донетск 8 ҳуҷуми ҷавобии нерӯҳои Украинаро пас гардонд.
Зикр гардид, ки ерӯҳои мусаллаҳи Украина то 380 нафар низомиён, як танки сохти амрикоии Abrams, 2 мошини ҷангӣ, аз ҷумла як мошини зиреҳпӯши сохти амрикоӣ ва 3 мошини боркашро аз даст додаанд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Сафири Қазоқистон гуфт, музокирот дар бораи Украина бидуни Русия имконнопазир аст
Дар рафти задухурд инчунин гаубитсаи 155-мм-и амрикоии М777, артиллерияи худгард-и 155 миллиметрии "Краб"-и Лаҳистон, "Гвоздика" ва чанд гаубитсаи дигар нобуд карда шуданд.
Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро “ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд”.
Ба гуфтаи ӯ, барои ноил шудан ба ин ҳадаф "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс пешбинӣ шудааст. Дар посух кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳримҳои густурда ҷорӣ карданд.