Захарова аз кумаки мақомоти тоҷик дар таҳқиқи ҳамлаи террористӣ дар Крокус гуфт

Амалиёти муштараки хадамоти кашфи Русияу Тоҷикистон имкон дод, ки афроди дастдошта дар ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл ошкор шаванд, мегӯянд дар ВКХ ФР
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Тадбирҳои пешгирикунандаи Русия алайҳи терроризм алайҳи ягон миллат ё мазҳаби мушаххас нигаронида нашудааст.
Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова хабар дод.
"Дар мавриди ҳадаф надоштани чораҳои зиддитеррористии, алайҳи миллати мушаххас, дини мушаххас махсусан қайд карда шуд", - қайд кард дипломат.
Вай сӯҳбати телефонии ахири Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия бо ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Муҳриддинро чунин шарҳ дод.
Ба гуфтаи Захарова, маҳз амалиёти муштараки хадамоти махсуси Русия ва Тоҷикистон имкон дод, ки афроде, ки дар ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл даст доштанд, муайян карда шаванд.
Занги Лавров ба Муҳриддин: Ӯ гуфт, санҷишҳо муваққатиянду зидди дину миллате нестанд

Ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Холл"

Рӯзи 22 март дар толори консертии "Крокус Сити Холл" воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ рух дод, ки садҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузошт.
Муттаҳамон дар содир кардани ин ҷиноят 23 март дар вилояти Брянск боздошт шуданд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд. Мақомот мегӯянд, муттаҳамон дар мошин сӯи марз бо Украина ҳаракат доштанд.
Додгоҳи Басмании Маскав онҳоро то 22 май ба ҳабс фиристод. Чаҳор нафар гуноҳашонро иқрор карданд. Дар маҷмуъ 12 нафар ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд, ки 11 нафарашон шаҳрванди Тоҷикистону як нафар шаҳрванди Қирғизистон мебошанд.