Ба муносибати Рӯзи Ғалаба дар Душанбе гирдиҳамоии ёдбуд доир шуд

Кормандони сафорати Русия, низомиёни 201-уми РВБ ва ҳамватанон ба пояи ёдбуди сарбозони интернатсионалисти ҳалокшуда гул гузоштанд.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи ғалаба собиқадорони интернасионалист ҳамоиши хотиравӣ барпо карданд.
Чорабинии ботантана дар хиёбони шуҳрати ҷанговарони интернасионалист дар қабристони шаҳри Душанбе барпо гардид.
Он ба таҷлили 79-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида шуд.
1 / 2
В Душанбе воины-интернационалисты провели памятный митинг по случаю Дня Победы
2 / 2
В Душанбе воины-интернационалисты провели памятный митинг по случаю Дня Победы
Дар ин чорабинӣ мушовири фиристодаи сафорати Русия дар Тоҷикистон Вера Хуторская, кормандони намояндагии дипломатӣ, инчунин, низомиёни пойгоҳи низомии 201-уми Русия, созмонҳои собиқадор ва ҷамъиятии Тоҷикистону Узбакистон ва ҳамватанон ширкат доштанд.
"Падарон, бобою бобоёни мо чӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва чӣ дар ҷанги Афғонистон ғалаба ба даст овардаанд. Воқеаҳое, ки дар ҷаҳон руй дода истодаанд, бори дигар тасдиқ мекунад, ки шумо дар он вақт дар муҳофизати ҳаёти осоиштаи мо, дар мубориза бо террористон ва нашъамандй ҳақ будед", — қайд кард Хуторская ба ҷанговарони интернасионалист.
Дипломати рус ба роҳбарияти Тоҷикистон барои он изҳори сипос кард, ки дар ҷумҳурӣ пос доштани хотираи таърихӣ, таваҷҷуҳ ба собиқадорон ва роҳандозии корҳои ватандӯстона бо ҷавонон идома дорад.
Дар анҷоми қисмати расмии чорабинӣ ба пояи ёдгории ҷанговарони интернасионалист гулдаста гузошта шуд.
Маълум шуд, ки дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қайди ҳаётанд
Қаблан дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоишгоҳи “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст” ифтитоҳ шуда буд.
Он ба 79-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва 80-умин солгарди озод шудани пурраи Ленинград аз муҳосираи фашистӣ бахшида шудааст.
Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев ширкат дошт.