Дастоварди ҷудокорони тоҷик аз нахустин рӯзи мусобиқаи "Dushanbe Grand Slam 2024"

Аз миёни чор ҷудокори тоҷик, ки ба даври финалӣ роҳ ёфтанд, танҳо яке аз онҳо аз медал бенасиб монд
Sputnik
Рӯзи аввали мусобиқаи "Dushanbe Grand Slam 2024" барои Тоҷикистон пурбор буд.
Новобаста аз он, ки чанде аз варзишгарони тоҷик, алалхусус бонувони ҷудокор ба даври финалӣ роҳ наёфтанд, вале яктогӣ медали тило, нуқра ва биринҷӣ ба хазинаи варзишии кишвар ворид шуд.
Барандагони ин се медал, Муҳаммадсолеҳ Қувватов, Обид Ҷебов ва Муллораҷаб Халифаев мебошанд.
Ситораҳои ҷудо ба Тоҷикистон омаданд: Душанбе ба Тоскулоҳи бузург ҷиддӣ омода мешавад

Қувватов дар даври финалӣ бо ҷудокори қазоқистонӣ нерӯ санҷид ва тавонист ҳарифашро мағлуб кунад ва нахустин нишони тилои ин мусобиқаро гирад. Илова бар ин, Қувватов 1000 имтиёз ва 5000 долларро соҳиб гардид.
Ҳамзамон, Обид Ҷебов, ки низ барои медали тилло бо намояндаи Туркманистон дар набард буд, мутаассифона аз ҳарифаш шикаст хӯрд ва соҳиби медали биринҷӣ гашт.

Медали биринҷиро ба Тоҷикистон Муллораҷаб Халифаев овард.
Ин мусобиқа бо ҳузури 390 варзишгар аз 70 кишвари ҷаҳон то 5 май дар Душанбе идома мекунад.