ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Арзиши пули Русия дар Тоҷикистон моҳи майро бо каме болоравиҳо идома медиҳад.
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, ҳоло дар ҷумҳурӣ 1000 рубл 119 сомонӣ аст.
Ин нишондиҳанда дар қиболи додаҳои як рӯзи қаблӣ наздики ду сомонӣ бештар аст.
Арзиши пули русӣ дар Тоҷикистон пас аз коҳиши тадриҷӣ, ки ҳатто то 108 сомонӣ барои 1000 рубл баробар шуд, пас иқдомоти Бонки марказии Русия майли гаронӣ дорад.
Нархи пули амрикоӣ бошад, каме коҳишёбӣ ёфтаасӣ. Ҳоло як доллари ИМА ба 10.9210 сомонӣ баробар шудаст.
Пули аврупоӣ ҳам арзонтар шуда, ба иттилои БМТ дар бозори ғайринақдӣ як евро - 11. 6549 сомонӣ муомилот мешавад.
Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчунин нархи миёнаи харидуфурӯши пулҳои хориҷиро дар ташкилотҳои қарзии кишвар ироа намудаст.
Ба иттилои ин ниҳод, 1 доллари ИМА 10.9210 то 10.9500, як евро 11.6549 то 11.7500 сомонӣ ва 1000 рубли русӣ аз 119 то 119,5 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.